• НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ
  • НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ

КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик бо назардошти фанҳои тадрисшавандаи бахши филологӣ, аз ҷумла забони адабии ҳозираи тоҷик, таърихи адабиёти тоҷик, адабиёти бачагона дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ, таъсисёбии ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ – забон ва адабиёти тоҷик (2013) ва фарогирии ҳамаи фанҳои бахши филологӣ бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 03.07.2015 № 6/8,3 ба номи кафедраи «Назария ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик»  таъсис ёфт. Дар кафедра асосан аз рӯйи ду равия: адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ  корҳои илмӣ дар мавзӯи «Нақши илмҳои забон ва адабиёти тоҷик дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон»  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда мешавад.

Соли 2015 ба сифати мудири кафедра олими соҳибтаҷриба, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Боқиев Ҳамза Олимович таъин гардид.

Дар оғози фаъолияти кафедра ҳайати онро дотсентон Боқиев Ҳамза, Ғаффоров Абдушукур; муаллимони калон Зиёев Маҳмадалӣ, Раҳимов Холмаҳмад, Қаландарова Дунёзода ва лаборант Одинаева Гулбаҳор ташкил медоданд.

Бинобар  сабаби он ки дар факултет кафедраи методики таълими ибтидоӣ амал менамуд, зарурати тағйирот дар номи кафедра пеш омад ва кафедра бо номи Забон ва адабиёти тоҷик тағйири ном кард.

Аз моҳи сентябри соли 2019 то 8-уми апрели соли 2020 номзади илмҳои филология, муаллими калон Раҳимов Холмаҳмад Баротович ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра фаъолият  намуд. Дар ин давра, дар  кафедра 6 нафар устодон, аз ҷумла 2 нафар номзади илм, дотсентон  Боқиев Ҳамза, Ғаффоров Абдушукур, муаллимони калон Ҳамроев Равшан, Қаландарова Дунёзода, ассистент Бердиёров Довуд,  лаборант Давляева Гулшаҳр ва баъдан аз  моҳи ноябри соли 2019 ба ҷои Давляева Г.К. ба вазифаи лаборанти кафедра Аюбзода Миҷгона Ёқуб кору фаъолият доранд.  Аз нимаи дувуми моҳи апрели соли 2020 то имрӯз номзади илмҳои филология, дотсент Ҳамза Боқиев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра фаъолият дорад. Айни ҳол дар кафедра 6 нафар муаллимони асосӣ- дотсентон Ғаффоров А.О., Боқиев Ҳ.О., муаллимони калон Ҳамроев Р.З., Қаландарова Д.М., ассистентон Аюбзода М.Ё., Ниёзова Ш.Н. ва 8 нафар муаллимони  ҳамкор- доктори илмҳои филология, дотсент Рустамова Г, номзади илмҳои филология, муаллими калон Беҳрӯзи Забеҳулло, ассистентон Бердиёров Д.М., Каримов Б., Ашӯрова М., Абдуҷаббори Шоаҳмадӣ, Маҳмудов М., Туманова Б. ба таълиму тарбия машғуланд. Аз ҳисоби устодони кафедра  3 нафар «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 1 нафар «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», 2 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 1 нафар узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳоло устодони кафедра ба донишҷӯёни 4 ихтисос: таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти ибтидоӣ – забон ва адабиёти тоҷик, таҳсилоти ибтидоӣ – санъати мусиқӣ, логопед – таҳсилоти ибтидоӣ дарс мегӯянд.

Айни ҳол номгӯи фанҳои таълимие, ки устодони кафедра дарс медиҳанд, 23 ададро ташкил медиҳад: Забони адабии ҳозираи тоҷик, муқаддимаи забоншиносӣ, практикуми забони тоҷикӣ, таърихи забони тоҷикӣ, таълими ибора ва сохтори он, услубшиносӣ, усули истифодаи луғатҳо, матни классикӣ, шевашиносӣ, методикаи таълими забони тоҷикӣ, забоншиносии умумӣ,  таърихи адабиёти тоҷик, муқаддимаи адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти ҷаҳон (ИДМ), методикаи таълими адабиёти тоҷик, таҳлили луғавии матн, адабиёти бачагона, назарияи адабиёт ва амалияи фаъолияти хониш, назмшиносӣ, хониши ифоданок, таҳлили матнҳои адабӣ, таърихи нақди адабӣ, эҷодиёти шифоҳии халқ.

Устодони кафедра дар баробари кори таълимӣ ба корҳои илмӣ-методӣ низ машғуланд. Мавриди зикр аст, ки бо қалами  дотсенти кафедра Боқиев Ҳ.О.  зиёда  аз 160 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва  рисолаву дастурҳои таълимӣ ба нашр расидаанд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: мақолаҳои «Маорифпарварон ва худшиносии миллӣ» (1998),  «Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бухорои шариф» (1999), «Сафарнома» – маншаи худшиносӣ» (2001), «Мирзо Сироҷ дар Олмон» (2011),  «Камоли Хуҷандӣ аз нигоҳи адабиётшинос Абдулманнони Насриддин» (2017) ва дастуру китобҳои дарсии «Барномаи таълимӣ аз фанни «Таърихи адабиёти хориҷа» (Адабиёти Юнону Руми бостон, асрҳои миёна, давраи эхё ва асрҳои ХVII – XVIII – XIX ва XX Аврупо) (2008), «Таърихи адабиёти Амрико» (бо ҳаммуаллифӣ) (2017). «Адабиёти Юнону Рими бостон» (дастури таълимӣ) 2018, рисолаи илмии «Саромаде дар тамаддуни навин» (2019) ва сафарномаҳои    «Бар диёри хеш меҳмон омадам» (2002), «Боз омадам бар диёри хеш» (2007), «Теҳроне, ки ман шинохтам…» (2016) ва «Як қадам роҳ то Бухоро» ( 2019) .

         Таълифоти дотсент Ғаффоров А.О. фарогири 80 мақолаи илмӣ-оммавӣ,  3 монография, 5 дастури таълимӣ, 5 барномаи таълимӣ  мебошад, ки муҳимтаринашон инҳоанд: рисолаҳои илмии: «Ибораҳои феълӣ бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадоеъ – ул – вақоеъ» – и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» (2007), «Ибора ва мавқеи он дар низоми синтаксис» (2012), «Хусусиятҳои грамматики ибораҳои феълӣ дар забони адабии тоҷик» (2020), дастуру барномаҳои таълимии  «Корҳои санҷишӣ аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик» (дастури таълимӣ) (2004), «Мулоҳиза перомуни баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ,  илмӣ-методӣ) ( 2010), «Барномаи забони тоҷикӣ» (№ 031200 методикаи таълими ибтидоӣ) (2002), «Барномаи забони тоҷикӣ» (барои ихтисоси дефектология, педагогика ва психология) (2003), «Барномаи «Алифбо ва имлои ниёгон» (барои факултетҳои ғайри филологӣ) (2007). Дотсент Ғаффоров А.О. дар  садади дифои рисолаи докторӣ қарор дорад.

         Муаллими калон, зиндаёд Раҳимов Холмаҳмад Баротович 4 – уми марти соли 2019 дар мавзӯи «Ҷустори ҳунарии Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири тоҷик ва фардияти эҷодии ӯ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Ӯ муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад, ки  намунаашон инҳо мебошанд: «Мавқеи ғазал дар эҷодиёти Лоиқ» 2010, «Рубоӣ ва мавқеи он дар эҷодиёти Лоиқ» 2011, «Тараннуми ғояи ватанпарварӣ дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ» 2013, «Мавқеи дубайтӣ дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ» 2015, «Мазмун ва мундариҷаи ғоявию бадеии «Дасти дуои модар» – и Лоиқ Шералӣ» 2015,«Тараннуми ишқу муҳаббат дар ғазалиёти Лоиқ Шералӣ» 2013, «Мавзӯи модар дар эчодиёти Лоиқ Шералӣ» 2013, «Мавзӯи илму дониш ва тарбияи инсони комил дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ» 2013, «Ҷумлаҳои чидааъзо дар суханрониҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон» 2016, «Мавқеи чаҳорпора дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ» 2019. Инчунин ба қалами Раҳимов Х.Б. китобу дастурҳои таълимӣ-методии  «Садои булбул» (1999), «Таърихи адабиёти Амрико» (дар ҳаммуаллифӣ) (2017) ва мураттиби «Барномаи адабиёти бачагона» барои факултаи педагогикаи донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ (2011) мебошад.

Ҳамроев Равшанқул Замонович муаллими калони кафедра буда, дар мавзӯи «Поэтикаи ашъори Гулназар»  рисолаи номзади ҳимоя намуд (26.12.2019).  Ҳамроев Р.З. муаллифи  маҷмӯаҳо ва дастурҳои методии зерин мебошад, ки дар солҳои гуногун ба нашр расидаанд: «Оҳанги бедорӣ» (Рубоиёт). 2006. «Ташнаи дидор» (Гулчини ғазалиёт). 2007. «Саду як ғазал» 2009. «Дарахти оҳ» (Ғазалиёт) 2013. «Аз чароғи хона то шамъи мазор» (Шеърҳо) 2016. «Раҳмат ба ту, Алифбо!»  (дастури методӣ) 1999. «Пири суханварон» (дастури методӣ барои омӯзгорону толибилмон) 2008. «Кони зар ва дарёи пургуҳар» (Аз таҷрибаи пешқадам) 2010. «Таълимгоҳи бузургон» (Асари таърихӣ) 2010. «Фарзанди қарни бист» (Дастур барои омӯзгорону толибилмон) 2008. Таҳия ва бозгӯии  «Тазкират – ул -авлиё» – и Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ 2012 – 2014. «Падидаҳои ҳунарӣ дар шеъри Гулназар» (2018), «Шарҳи бист ғазали Камоли Хуҷандӣ» (2020), «Ниҳоли сабзи борон» (2020).

Муаллимаи калон Қаландарова Дунёзода Меҳтоҷовна дар мавзӯи «Образи Ҳотами Той дар адабиёти тоҷик»   пайи таълифи рисолаи илмӣ қарор дорад. Ба қалами муаллима зиёда аз 15 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ба нашр расидаанд, ки  «Ҳотам кист? Воқеият ва ривоят дар бораи Ҳотами Той» (2015), «Ҷилои рангҳо дар рамзҳо ва нақшҳои мардумӣ» (2018) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

 Устодони кафедра азм доранд, ки то ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои номзадию докториашонро ҳимоя намуда, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм саҳмгузор бошанд.