МЕТОДИКАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ
Кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ яке аз кафедраҳои аввалини факултети «Педагогика» буда, солҳои таҳсили 1960-1961 бо номи кафедраи педагогика ва методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ ташкил ёфт. Бо ин ном то моҳи сентябри соли таҳсили 1992 фаъолият намудааст. Соли 1992 бо сабаби зарурияти таъсис додани кафедраи педагогика ва психологияи синф ҳои ибтидоӣ, кафедра бо номи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ фаъолият намуд. Дар асоси пешниҳоди садорати факултет бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 24. 03. 2013 кафедра бо номи методика ва таҳсилоти ибтидоӣ ва аз 13. 09. 2015 кафедра бо номи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият дорад.
Аввалин мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими синф ҳои ибтидоӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қозиҷонов М.А таъй ин шуд, ки то соли 1973 роҳбарӣ намуд.
Устод М. Қозиҷонов ҳамчун шахси эҳтиёткор ва ботадбир ҳамаи корҳоро аз рӯйи нақша хеле санъаткорона анҷом медоданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар кафедра мутахассисони варзидаи синфҳои ибтидоӣ тарбия ёфтаанд. Ба монанди: Лутфуллоев М., Аминов А., Каримов М., Икромова Ф.И., Грудис С.И., Канн Х.И., Акрамов С., Латипов Р., Баҳ риддинов А., Ҳаётова Р., Одилов А., Муминов Т., Зиёев Т., Акбаров Д., Раҳимов Х., Мирзоев Р., Раҳимова Х. ва дига рон, ки шумораи онҳо ба 20 нафар расида, аз забони модарӣ ва методикаи таълими он, педагогика, математика ва методикаи таълими он, санъати тасвирӣ ва методикаи он, таълими меҳнат ва методикаи он, табиатшиносӣ ва методикаи таълими он, тарбияи ҷисмонӣ ва мето дикаи таълими он, солфеджио, назарияи мусиқӣ ва методикаи тарбияи мусиқӣ, забони русӣ ва методикаи таълими он, адабиёти умумӣ ва бачагона дарс мегуфтанд.
Баъд аз устод Қозиҷонов М.А. роҳбарии кафедра ба зимаи шо гирди кордону ташкилотчии ӯ н.и.п. дотсент Икромова Ф.И. гузошта шуд. Ҳамин тавр ин силсилаи роҳбари оғоз ёфт ва то имрӯз давом дорад.
Ба таври хронологӣ онро чунин тасвир кардан мумкин аст: Қози ҷонов М.А. (1960-1973), Икромова Ф.И. (1973-1979), Қодиров А. (1979-1980), Қаландаров К (1980-1982 ва 1987-1988), Қурбонов Р. (1998-1999), Лутфуллоев М. (1982-1987 ва 1999-2002), Акбаров Д. (2002-2007) ва Раҷабов Т.Б. (2007-2017), ва аз 27.01. 2017 вазифаи мудири кафедраро н.и.п. дотсент Бегимов Ҳ.Х. ба ӯҳда дорад.
Кафедра дар солҳои фаъолияти хеш (1961-2020) бо дастгирии усто дони варзида барои тайёр кардани омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои ҳам сояи наздик ва дур хизматҳои бебаҳо кардааст. Бинобар ин, бомаврид аст, ки мо ҳамаи онҳоро ёдовар шавем: н.и.ф. дотсент Қозиҷонов М. А., д.и.п. профессор Лутфуллоев М.Л., н.и.п. пофессор Икромова Ф. И., н.и.б. профессор Акрамов С.А., н.и.ф. дотсент Қаландаров К.Қ., н.и.п. дотсент Қурбонов Р., н.и.ф.м. дотсент Қодиров А., н.и.ф. дотсент Норова Н.Н., н.и.п. дотсент Ҳоҷиев А., н.и.ф.м. дотсент Гадоев М., н.и.п. Эм. А.А., н.и.ф. Собирова Г., н.и.б. Ивазов Н., н.и.п. Ҷумъаев М., н.и.ф. Калаева С. И., н.и.ф.м. Мамедова Ҷ., н.и.п. дотсент Бой назаров Б., д.и.п. дотсент Раҷабов Т.Б., н.и.п. Абдуллоев И., н.и.п. Бегимов Ҳ.Х., ва дигарон.
Муаллимони калон: Абдураҳмонов Ф.М., Бадриддинов А., Канн Х.И., Турсунов Ш., Латипов Р., Акрамов Ш., Рустамова Х., Латипова Р., Александрова А.В., Икромов С., Муминов Т., Одилов А., Назриев И.А., Қараев Ю., Зиёев Т., Ҳаётова Р.Ҳ., Зиёев С., Акбаров Д.А., Раҳимова Х., Каримов Н., Грудин Н.И., Қараев А.Ю., Бадалова М.А,, Ҷалилова М.Н., Хайруллоев Б., Назаров Н.О., Зиёев М., Шукурова Р., Ким В.Н., Тош пулатова Т., Муродов Н., Мухторова В., ва дигарон, ассистентон: Ғафуров Б., Алиева А., Боронов К., Қодиров М., Эшонқулова Х., Шарипов Т., Хоҷаев Ш.И., Шарипова Х., Хоҷаева Г., Ғафурова И., ва дигарон.
Дар асоси фармоиши донишгоҳ аз 17.03.2008 кафедраи «Забон ва адабиёти синфҳои ибтидоӣ» ба кафедраи «Методикаи таълими синф- ҳои ибтидоӣ» ҳамроҳ карда шуд. Аз ин рӯ, ба сафи устодони кафедра шахсони зерин ҳамроҳ шуданд: н.и.ф. дотсент Ғаффоров А.О., муалли- мони калон: Зиёев М., Раҳимов Х.Б., Исматуллоев М.Р., Тураев Ё., Аҷиков Х., ассистентон: Қаландарова Д., Абдулҳаева И.
Ҳамин тавр зиёда аз 90 нафар машғули таълим ва тарбияи дониш ҷӯён мебошанд, ки хизмати онҳо дар рушду камолоти кафедра бағоят зиёд буда, муваффақиятҳои кафедра ба заҳматҳои онҳо алоқаманд ме -бошад.
Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба тайёр кардани мута хассисони баландихтисос дар дохили кишвар ва берун аз он кӯшиши зиёд дорад. Устодони кордону эҷодкори кафедра ба монанди Қози ҷонов М.А., Лутфуллоев Л., Икромова Ф.И., Раҷабов Т.Б., Ҳоҷиев А., Бегимов Ҳ.Х., Абдуллоев И., ва дигар симоҳои шинохтаи ҷумҳурӣ шинос пешрафти маорифи кишвар, махсусан барои тайёр кардани омӯзгорони зинаи аввали маълумоти миёнаи умумӣ хизмати босазо кардаанд. Натиҷаи ҳамин фаъолияти кафедра аст, ки имрӯз ак сарияти омӯзгорони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ шогирдони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошанд.
Фаъолияти баъзе устодони кафедраро махсус ёдовар шудан лозим аст. Имрӯз аз рӯи китобҳои дарсии академик Лутфуллоев М.Л. «Алифбо» фарзандону набераҳои мо аввалин ҳарфҳои лафзи ширини тоҷикӣ ва аз китоби «Алифбои ниёгон» ҳарфҳои ниёгонамонро омӯхта, хондану навиштанро ёд гирифта, ба олами зебою пурасрор шинос мешаванд.
Дар солҳои охир ба қалами устодони кафедра як силсила китоб- ҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, тавсияҳои методию мақолаҳои илмӣ-методӣ ва монографияҳо таҳия ва нашр шуданд. Аз он ҷумла, «Мето- дикаи таълими забони модарӣ», «Педагогикаи аҷам», «Дарс», «Дидак- тикаи муосир» (Лутфуллоев М.), «Забон бо хониш» (Икромова Ф.И., Абдуллоев И.), «Табиатшиносӣ» барои синфи 4 (Акрамов С.), «Маҷ- мӯаи корҳои амалӣ аз математика» (Акбаров Д., Бадалова М.А.), «Нишондодҳои методӣ доир ба навиштани корҳои курсӣ аз методикаи таълими забони модарӣ» (Икромова Ф.И., Лутфуллоев М.), «Бар номаи таълимӣ аз математика» барои донишҷӯёни факултети педа гогика», (Бадалова М., Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.), «Нишондодҳои методӣ доир ба навиштани корҳои курсӣ аз методикаи таълими забони модарӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.), «Барномаи таълимӣ аз фанҳои математика, практикуми курси математикаи мактабӣ, ҳалли масъала ҳои типикӣ» (Бегимов Х.Ҳ., Раҷабов Т.Б,, ва дигарон) «Барномаи таълимӣ аз фанни методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» (Бадалова М. А., Бегимов Ҳ., ва дигарон), «Барномаи таълимӣ аз фанҳои машғулияти факултативӣ, курси махсус, курс ва семинарии махсус» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.,), «Маҷмӯаи барномаҳои таъ лимии фанҳои кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ» (Барои шуъбаи ғоибона), (Бегимов Ҳ.Х., Бадалова М.А., Сайёдов И.Д.), «Нишондодҳои методӣ оид ба кори курсӣ аз методикаи таълими мате матикаи синфҳои ибтидоӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б.), «Ҳалли масъ алаҳои типикӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б., Сайёдов И.Д.), «Курси лексия аз методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Раҷабов Т.Б., Сайёдов И.Д.), «Практикуми математи каи мактабӣ» (Маҳкамов М., Раҷабов Т.Б., Бегимов Ҳ.Х.,…), «Мето- дикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» (Бегимов Ҳ.Х., Рабиев С., Раҷабов Т.Б., Наҷмиддинов А.М.), «Асосҳои назарияи математи- каи синфҳои ибтидоӣ» (Бадалова М.А., Қаҳоров М.Ҳ.), «Маводи дидактикӣ аз математика ва алгебра барои синфҳои болоӣ» (Раҷабов Т.Б., Нӯъмонов М), «Методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ» (М. Лутфуллозода., И. Абдуллоев., М.Н. Ҷалилова), «Барномаи фанни адабиёти бачагона» (Раҳимов Х.Б.), «Методикаи тарбияи мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Хайруллоев Б.), «Барномаи таълимӣ аз фанни наза рия ва методикаи таълими мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Хайруллоев Б.) ва ғайраро ёдовар шудан ба маврид аст.
Дар кафедра ба омӯзиши фанҳои тахассуси забони адабии ҳозираи тоҷик ва методикаи таълими он дар синфҳои ибтидоӣ, математика бо методикаи таълими он дар синфҳои ибтидоӣ, табиаишиносӣ ва методикаи таълими он, санъати тасвирӣ ва методикаи таълими он, асосҳои назарияи мусиқӣ ва методикаи таълими он, таълими меҳнат ва методикаи он мутахассисони соҳибихтисос, профессорон: Лутфуллоев М., Акрамов С., Икромова Ф.И., дотсентон Ҳоҷиев А, Раҷабов Т., Бегимов Ҳ.Х., Ғаффоров А.О., муаллимони калон Бадалова М., Ҷалилова М., Қараев А., Назаров Н., Раҳимов Х. ва дигарон машғул буданд.
Дар солҳои аввали таъсисёбии кафедра омӯзгорон дар гурӯҳҳои таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дарс мегуфтанд. Аз ин рӯ, коллективи педагогии кафедра аз миллатҳои гуногун иборат буд, то ки ҳар як гурӯҳи таълимӣ бо забони модариашон таҳсил намоянд. Ҳоло дастпарварони гурӯҳҳои методикаи таълими ибтидоӣ дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ иҷрои вазифа намуда, дар таъ- лиму тарбияи фарзандони мардум ҳиссагузор мебошанд.
Чанде аз дастпарварони кафедра бо роҳи илм рафта, рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ намуданд. Аз байни онҳо С. Раҳмонов., С. Акрамов., С. Тағоев., Р. Қурбонов (ёдашон ба хайр), Ф. Икромова., Т. Раҷабов., И. Абдуллоев., А. Ҳоҷиев., Ҳ. Бегимов., А. Ғаффоров., М. Ҷалилова ва дигаронро метавонем мисол биёрем. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ кафедра мақсад гузошта буд, ки мутахассисони соҳиб касб ва дониши баланди назариявию амалӣ доштаро тайёр намояд.
Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ амал мекунад, ки ба он дотсенти кафедра Ҳоҷиев А. роҳбарӣ менамояд. Инчунин, дар кафедра ду маҳфили фаннӣ амал мекунад: маҳфили «Хушнависон» – роҳбар н.и.п. Абдуллоев И. ва маҳфили «Математикони ҷавон» – роҳбар омӯзгори кафедра Назаров Д.А.
Кафедра як нафар аспиранти шуъбаи рӯзона (Мавлянова Н.Д. дар мавзӯи «Ташаккули маҳорат ва малакаҳои таҳқиқотии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мавриди таълими математика» ва ду нафар доктор PhD-Шукурзода Х.А. дар мавзӯи «Ташаккули фаъолияти таълимӣ таҳқиқоти муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ мавриди омӯзиши назария ва амалияи ҳалли масъалаҳои матнӣ», Раҳимов Ҷ.Х дар мавзӯи «Ташаккули донишҳои оддитарини табиӣ дар раванди таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Кафедра бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳои омӯзгорӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва ғайра робита- ҳои илмию методӣ дорад.
Ҳоло дар кафедра доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Раҷабов Т. Б., номзади илмҳои педагогӣ, дотсентон: Ҳоҷиев А., Бегимов Ҳ.Х., номзади илмҳои педагогӣ: Абдуллоев И., Ҷалилова М.Н., номзади илм ҳои филологӣ: Қодирова Д.Л., муаллимони калон: Бадалова М.А., Масимов О., ассистентон: Табаров Д.Д., Назаров Д.А., Бӯриев Ф.К., Шукурзода Х.А., Марвориди С.Б. аз фанҳои тахассусӣ (практикуми курси забони модарӣ, методикаи таълими забони модарӣ, машқи хат ва хушнависӣ, методикаи инкишофи нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, асосҳои математикаи мактабӣ, математика ва методикаи таълими он, назария ва практикуми ҳалли масъалаҳои матнии мате- матикӣ, ташкил ва гузаронидани бозиҳои шавқовари математикӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ, ва ғайра), дарс мегӯянд. Нурова М.А. ба сифати лаборанти кафедра фаъолият намуда истодааст.

