• НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ
  • НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ

МУДИРИ КАФЕДРА

Боқиев Ҳамза Олимович
номзади илмҳои филология,
дотсенти кафедра
Тел: 935382604  
  

Боқиев  Ҳамза  Олимович  (Амирҳамзаи Ҳоҷӣ Сайидолим) 15.01.1969  дар деҳаи Каздони ноҳияи  Айнӣ дар хонадони зиёӣ  ба  дунё  омада, соли  1986 мактаби миёнаи №5-и ба номи Мирзо Абдулқодири Бедилро хатм карда, солҳои 1990-1995 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 1996 то соли 1999 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсил намуда, 20-уми июли соли 2000-ум дар мавзӯи “Роҳи эҷодӣ ва афкори маорифпарварии Мирзо Сироҷи Ҳаким” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

         Ҳамзамон аз соли 1995 -2001 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, аввал ба ҳайси ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва баъдан аз соли 1999 ба сифати муаллими калони кафедраи номбурда ба донишҷӯён аз фанҳои забону адабиёт ва алифбои ниёгон дарс гуфт. Аз соли 2001 то соли 2005 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ба вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти  умумӣ  ифои вазифа дошт. Таи ин солҳо дар кафедра ва коллеҷ  таҳти роҳбарии ӯ якчанд семинару маҳфил ва конфронсҳои илмию адабӣ доир карда шуд, ки дар роҳи худогоҳию  худшиносии миллии ҷавонон  саҳми арзандаеро молик буданд.  Аз соли 2005 то соли 2008 ба ҳайси мудири кафедраи филологияи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ адои вазифа намуда, ҳамзамон таи ҳамин солҳо  ба ҳайси дотсенти кафедраи забонҳо дар Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон  кор намуд. Аз моҳи сентябри соли 2008 ба сифати дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба донишҷӯён дарс гуфт. Аз моҳи марти соли 2009  то моҳи апрели соли 2015 мудирии кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро ба дӯш дошт. Аз моҳи сентябри соли 2015 то моҳи сентябри соли 2019 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Моҳи апрели соли 2020 боз ба вазифаи мудири кафедра таъин гардида то ҳол адои вазифа намуда истодааст.

         Ҳамза Боқиев иштирокчиии чандин  конфронсҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Машҳад (2010), Язд  (2011), Теҳрон (2011)  буда, моҳи августи соли 2015 ба муддати 30 рӯз дар  курси бозомӯзии Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон таҳсил намуд. 

         Ҳамза Боқиев пайваста машғули таҳқиқоти илмӣ ва эҷоди осори бадеӣ буда, муаллифи зиёда аз 160 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ буда, инчунин  китобу дастурҳои таълимии  «Таърихи адабиёти хориҷа». (Адабиёти Юнону Рими бостон) (2002, 2018), «Таърихи адабиёти Амрико» (2011, 2017) ва дастурҳои  таълимӣ-методии «Иншо» (2008), Маҷмӯи саволномаҳои тести забон ва адабиёти тоҷик (2012), «Иншо ва имло» (2013), Фарҳанги дузабонаи истилоҳоти нақлиёт (2014) ва  сафарномаи сегонаи «Бар диёри хеш меҳмон омадам» (Душанбе, 2002), «Боз омадам бар диёри хеш» (Теҳрон, 2007), «Теҳроне, ки ман шинохтам…» (Теҳрон, 2015) ва  «Як қадам роҳ то Бухоро…» (Душанбе, 2019),  мураттиби китобҳои «Меҳрномаи Душанбе» (Душанбе, 2004), «Одам ба одам зиндааст» (2004), «Шаҳсавори сангари мардонагӣ» (Душанбе, 2004), «Баландахтар» (Душанбе, 2006), «Марди роҳ» (2014), «Сабзбаҳор» (2017), «Ойинадори илм» (2020), асари якнавишти (монография) «Саромаде дар тамаддуни навин» (2019) мебошад.

Хизматҳои софдилонаву  содиқона ӯ  аз тарафи Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо нишонҳои «Аълочии матбуоти тоҷик»  (203), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005) ва  «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) тақдир шуд.

         Аз соли 2010 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.