МУДИРИ КАФЕДРА

Бегимов Ҳусен Худоёрович 28.01.1961 дар деҳаи Дуоби ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи коргар тавал луд шудааст. Соли 1978 мактаби миёнаи №16-и ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии ноҳияи Деҳқонободро хатм намудааст. Солҳои 1978-1980 дар муассисаи «Душанбестрой» ба сифати сохтмон- чӣ фаъолят кардааст. Солҳои 1980-1982 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат карда аст. Соли 1982 ба ИДПД-и Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ), ба шуъбаи математика-физика дохил шуда, онро соли 1987 хатм кардааст. Баъди хатми донишкада солҳои 1987-1989 ба ҳайси муаллими математика ва физикаи мактаби миёнаи №31-и ноҳияи Комсомолобод (ҳоло ноҳияи Нуробод) фаъолият карда- аст. Солҳои 1989-1991 лаборанти кафедраи методикаи таълими физикаи ИДПД ба номи Т.Г. Шевченко, аз соли 1992-1994 ассистенти кафедари методикаи таълими физика, аз соли 1994-1997 аспиранти донишгоҳ, аз соли 1997-1999 ассистенти кафедраи методикаи таълими физика, аз соли 2000 муаллими калони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоии факултети педагогика, соли 2001 бо «Ифтихор номаи Донишгоҳ» ва соли 2002 «Аълочии маорифи Тоҷикистон», аз соли 2007-2011 ҷинишини декан оид ба корҳои таълимӣ дар факултети педагогика идома додааст. Рисолаи номзадиро соли 2010 дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии ташак кул додани донишҳои элементарӣ доир ба фанхои табиӣ дар хонанда гони синфхои ибтидоӣ» (роҳбари илмӣ д.и.п., профессор Нуров Абдул боқӣ) ҳимоя намудааст. Аз 18.03. 2011 номзади илмҳои педагогика, соли 2012 и.в. дотсенти кафедра, аз 25.01.2018 дотсенти кафедраи номбурда, аз 27.01. 2017 мудири кафедраи таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи Садридин Айнӣ интихоб гардидааст. Бегимов Ҳ.Х. муаллифи 220 кори илмию методӣ аз ҷумла 1 монография, 20 воситаи таълимӣ, 6 барномаи таълимӣ мебошад. Соли 2012 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шудааст. Аъзои ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
Осори асосӣ: Тарбияи шавқу ҳаваси бачагони хурдсол ба физика.
// «Маърифати омӯзгор», 1997, № 1-2. Физика ва робитаи он бо дигар илмҳои табиатшиносӣ. // Паёми Донишгоҳи Омӯзгорӣ, 2003, №4. Маҷмӯи кор бо мактаббачагони хурдсол доир ба шинос кардани онҳо бо ҷузъиёти физика. Дастури методӣ. Душанбе, 2007. Робитаи байни физика ва табиатшиносии синфҳои ибтидоӣ. // Паёми Донишгоҳи Омӯзгорӣ, №3 (35) Душанбе, 2009. Барномаҳои «Математика. Практикуми курси мате матикаи мактабӣ. Ҳалли масъалаҳои типпикӣ», 2011. Барномаи «Мето дикаи таълими синфҳои ибтидоӣ», 2011. Нишондодҳои методӣ оид ба кори курсӣ аз методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ. Дас тури методӣ. Душанбе, 2012. Математика. Супоришҳои тестии ҷамъ бастӣ барои синфи 4. Дастури методӣ. Душанбе, 2012. Ҳалли масъала ҳои типикӣ. Дастури таълимӣ. Душанбе, 2013. Маҷмӯаи тестӣ аз фанҳои «Асосҳои назариявии математика дар синфҳои ибтидоӣ», «Методикаи таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ», «Ҳалли масъалаҳои типикӣ», «Практикуми математикаи мактабӣ». Дастури таълимӣ. Душанбе, 2015. Практикуми математикаи мактабӣ. Дастури таълимӣ. Душанбе, 2016. Ба муаллими ояндаи синфҳои ибтидоӣ оиди тадбиқӣ методҳои мушоҳида ва таҷриба (озмоиш) дар таълими математика. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). №3/79 (214). Душанбе, 2016. Ба муаллими ояндаи синфҳои ибтидоӣ оиди истифодаи методҳои муқоиса ва аналогия дар таълими математика. // Паёми Дониш гоҳи миллии Тоҷикистон (маҷал лаи илмӣ). №3/1. Душанбе, 2017. Курси лексия аз методикаи таълими математикаи синфҳои ибтидоӣ. Дастури таълимӣ. Душанбе, 2017. Ташаккули маҳорати моделонии математикӣ дар муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ ҳангоми таълими назария ва амалияи ҳалли масъ алаҳои матнӣ. // ISSN 2074-1847. Паёми Донишгоҳи милли Тоҷикис тон. 2018. №1. Роҳу усулҳои самараноки ташкили КМД РО мавриди таълими «Назария ва амалияи ҳалли масъалаҳои матнӣ» дар шӯъбаи таҳсилоти ибтидоӣ. // ISSN 2219-5408. Паёми донишгоҳӣ омӯз горӣ. №4 (76), 2018. Ташаккули шавқу ҳаваси азхудкунии физика дар хонанда гони синфҳои ибтидоӣ дар раванди ташкили бозиҳои дидак тикии фанҳои табиӣ. // ISSN 2077-4990. ВМИҶТ. ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. Маҷаллаи илмии «Номаи донишгоҳ», №4(57). Хуҷанд, 2018.
Монография. Формирование познавательных интересов к естественным элементарным знаниям у младших школьников как средства их под готовку дальнейшему систематическому изучению школьного курса физики. Душанбе, 2019.

