• НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ
  • НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ

НАЗАРИЯ ВА МЕТОДИКАИ ТАРБИЯИ МУСИҚӢ-БАДЕӢ

 Кафедраи эстетика вак тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои ибтидоӣ моҳи августи соли 2016 таъсис дода шудааст.

       Мақсади таъсисёбии кафедра аз як ҷиҳат таълими фанни мусиқӣ ва тарбияи эстетики баҳри наздик намудани характер ва хусусиятҳои факултети тарбияи ибтидоӣ бошад аз ҷиҳати дигар тарбияи фанни мусиқӣ нақши асосӣ ва марказиро бояд бозед. Зарурияти таъсисёбии кафедра дар он мебошад, ки дар факултет ихтисоси нав бо унвони “Таҳсилоти ибтидоӣ-санъати мусиқӣ” баҳри таъмин намудани мутахассисони соҳаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамин тариқ таъмини фанҳои мазкур бо наздикшавии хусусиятҳои факулта мусоидат намояд. Аз тарафи дигар самти таҳсилот аз фанҳои мусиқӣ ва тарбияи эстетикӣ дар муқоиса ба дигар шуъбаҳо ду баробар беш гардид. Илова бар ин аз ин фанҳо дар курсҳои 4-5  иҷрошавии корҳои курсӣ ва корҳои дипломӣ ба нақшагирии мунтазам ва ҳатмӣ ба маротиб беш гардид. Мақсади асосии таъсисёбии кафедра ва инчунин таълими фанҳои мусиқӣ-эстетипкӣ барои наздик намудани хусусиятҳои фанҳои тахасусӣ дар соҳаи мазкур мебошад.

          Ҳамчунин фанҳои мусиқӣ ва суруд ва методикаи тарбияи мусиқӣ, назарияи мусиқӣ ва солфедҷио, асбобҳои мусиқӣ ва методикаи таълимӣ онҳо, инчунин дарсҳои фардӣ – амалӣ, фанҳои нави назарияи мусиқӣ ва солфедҷио, методикаи таълими санъати-тасвирӣ, методикаи тарбияи ҷисмонӣ барои таълими касбӣ замина гузошт. Аз ин бар меояд, ки сохти кафедра таркибан гуногунсоҳа ва мураккаб буда, аз омӯзгорон талаботи махсус ва маълумоти  ҳирфоӣ доштаро талаб менамояд.

          Моҳи декабри соли 2018 кафедра бо номи “Назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ” тағйир гардид.

          Айни ҳол дар кафедраи 18 нафар кормандони асосӣ, 3 нафар ҳамкорони дохилӣ ва 2 нафар ҳамкорони беруна фаъолият доранд, ки аз онҳо 4-дотсентон, 7-нафар омӯзгорони калон ва 6-нафарашон ассистентон мебошад.

           Дар кафедра: дотсентон Б. Хайруллоев, Б. Бойназаров, М. Давлатов, З.Қурбонова ва омӯзгорони калон И.Пиров, А.Ҳабибов, Н.Назаров, Г.Қурбонова, О. Нормуҳаммадов , А.Шарипов, Ҳ.Мирзоев ва ассистентон Д.Рамазонов,  У.Маҷидов, Ф. Неъматов, К. Маҳмадназарова, З. Абдуллоева, Ш. Боев кор мекунанд.

           Кафедра ва омӯзгорони кафедра бо аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (№ 7, 9, 10, 34, 53 ) ҳамкории зич ва ногусостани дорад.

           Ҳайати профессорону ассистентони кафедра дар ҳамаи конферентсияҳои донишгоҳи фаъолона иштирок менамоянд. Инчунин ҳамаи онҳо дар тайёрнамудани донишҷӯён ба конферентсияҳои сатҳи факултет ва донишгоҳ саҳми  арзанда мегузоранд.

          Устодони кафедра дар омодасохтан ва тартибдодани китобҳои дарсӣ, барномакҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ  барои мактабҳои олӣ ва миёна саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Масъалан  китобҳои таълимӣ:

  1. Б.Бойназаров, Д. Ҳалимзода, Г.Раҷабалиева. Санъат ва меҳнат, синфи 3, “ПИК ОФСЕТ”, Душанбе -2011с.
  2. Б. Бойназаров, Ф.Ё. Эмомова. “Асосҳо ва таълими санъати расмкашӣ”, дастури методӣ, Душанбе – 2013
  3. Б.Бойназаров, Д. Ҳалимзода, Г.Раҷабалиева. Санъат ва меҳнат, синфи 4, “ПИК ОФСЕТ”, Душанбе -2011с.
  4. Б.Бойназаров. “Санъати расмкашӣ” барои синфҳои 5,6,7. Наш.”Маориф” Душанбе-(2005) -2016 с.
  5. Б.Бойназаров, Д. Ҳалимзода, Г.Раҷабалиева. Санъат ва меҳнат, синфи 2,  “Маориф”,  Душанбе -2016 с.
  6. Б.Бойназаров, М.С. Шарипова  “Санъати расмкашӣ ва методикаи таълими он” барои донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ. Тип. ДДОТ  ба номи С. Айнӣ, Душанбе-2017
  7. Б.Бойназаров, З. Давлатшоева “Методикаи  таълими расмкашӣ” (дастури таълимӣ ) , Душанбе-2017
  8. Г.А.Қурбонова “Мо варзишро дӯст медорем” маводҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ  ва волидайн, “Ирфон” Душанбе -2012
  9. Г.А.Қурбонова “Лаҳзаҳои варзишӣ” маводҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои томактабӣ  ва волидайн, “Ирфон” Душанбе -2015
  10.  Б. Хайруллоев “Методикаи таълими мусиқӣ “ барои синфҳои ибтидоӣ  (дастури таълими барои донишҷӯён ва омӯзгорон), нашр. ДДОТ ба номи  Қ. Ҷураев, Душанбе- 2006 с.
  11.   Б. Хайруллоев “Методикаи таълими мусиқӣ “ барои синфҳои ибтидоӣ  (дастури таълими барои донишҷӯён ва омӯзгорон), нашр. “Нур -2003”,  Душанбе- 2008 с.
  12.   Б. Хайруллоев “ Назария ва методикаи таълими мусиқӣ “   (дастури таълими барои донишҷӯёни коллеҷҳои  омӯзгорӣ) ,  Душанбе- 2010 с.
  13.  Б. Хайруллоев “Методикаи таълими мусиқӣ “ , (дастури таълими барои донишҷӯёни ва омӯзгорон),  Душанбе- 2011 с.
  14.   Б. Хайруллоев “Роҳнамо аз фанни мусиқӣ  ва суруд“, синфи 3   барои  омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, нашр.  “Маориф”, Душанбе- 2016 с.
  15.  Б. Хайруллоев “Роҳнамо аз фанни мусиқӣ  ва суруд“, синфи 4   барои  омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, нашр.  “Маориф”, Душанбе- 2016 с.
  16.  Б. Хайруллоев “Методикаи тарбияи  мусиқӣ “ , (дастури таълими барои донишҷӯёни  коллеҷи омӯзгорӣ),  Душанбе- 2018 с.
  17.  Б. Хайруллоев “Методикаи тарбияи  мусиқӣ “ , (дастури таълими барои донишҷӯёни  коллеҷи омӯзгорӣ),  Душанбе- 2019 с.
  18.  Б.Бойназаров, Г. Қурбонова,  Д. Ҳалимзода, Г.Раҷабалиева. “Санъат ва меҳнат”   синфи 2,  нашр. “Полиграф групп”, Душанбе -2019с