ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

номзади илмҳои филология, дотсенти кафедра
Тел: 901063068
Зодаи деҳаи Ҳамиди Бароти н.Восеъ. Аз хонадони зиёӣ. Солҳои 1976-1986 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Камол Шарифи ноҳияи Восеъро хатм кардаст. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДК (1959). Солҳои 1987-1989 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1993-1994 муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ш. Қӯрғонтеппа, 1994-1997 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997-1998 котиби Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии АИП Тоҷикистон, 1998-2000 муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев (холо ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд. Солҳои 2000-2001 ҳамчун муаллими калони кафедраи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ, 2001-2007 мудири кафедраи забон ва адабиёти синфҳои ибтидоӣ ва ҳамзамон муовини декан оид ба илми факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 2007-2008 декани факултети педагогикаи донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст. Солҳои 2000-2007 раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳро ба уҳда дошт. Дар конференсияи илмии олимони ҷавон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе оид ба масъалаҳои илми забоншиносӣ баромад намуда, мӯҳтавои онҳоро дар маҷмӯаҳои илмии олимони ҷавон «Ҷавонон ва ҷаҳони дониш» ва Ҷавонон ва ҷаҳони андеша» ба чоп расонидааст. Солҳои 2008-2010 сардори раёсати таълими донишгоҳ, соли 2010 то 2013 муовини ректор оид ба таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳ, солҳои 2013-2017-декани факултети педагогика фаъолият кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2017 дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогикаи донишгоҳи мазкур мебошад.
- Бо қалами ӯ 2 монография: «Ибораҳои феълӣ бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ( 2014), «Хусусиятҳои грамматикии ибораҳои феълӣ дар забони адабии тоҷик» (дар асоси маводи осори мансури асрҳои ХV-ХV1) (2020) ва 6 китобу дастури таълимӣ: «Корҳои санҷишӣ аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик (барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибона). ( 2004); «Ибораҳои феълӣ бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ (2007); «.Баъзе мулоҳизаҳо перомуни забони тоҷикӣ» (маҷмӯи мақолаҳо, 2013); «Корҳои мустақилона аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик» (2013); « Ибораҳои феълии пешояндӣ дар забони тоҷикӣ» (2013); «Ибораҳои феълӣ бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» (монография, 2013), инчунин зиёда аз 40 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавӣ таълиф шудаву нашр гардидаанд.
Дар баробари ин ҳама Ғаффоров А.О. солҳои 2005 -2010; 2010-2015 ва 2015-2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе интихоб гардидааст. Аз соли 2001 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ӯ барои хизматҳояш бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) ва «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (2014); «Ифтихорнома»-и-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015); «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмолили Сомонии шаҳри Душанбе (2020) тақдир шудааст.

номзади илмҳои филология, муаллими калон
Тел: 927692017
18 сентябри соли 1960 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Дастпарвари мактаби зодгоҳаш (1976), омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент (1980) ва Институти давлатии педагогии Ленинобод (1984) буда, дар айни ҳол устоди кафедраи забон ва адабиёти факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Гарди ситора» (1990), «Гули абр» (1997), «Андешаҳо аз решаҳо» (1999), «Таронаҳо ба хонаҳо» (2001), «Забони чашм» (2003), «Тафсири фиғони мурғ» (2004), «Оҳанги бедорӣ» (2006), «Ташнаи дидор» (2007), «Саду як ғазал» (2009), «Солнома» (2011), «Дарахти оҳ» (2013) ва «Аз чароғи хона то шамъи мазор» (2016) мебошад. Вай инчунин муаллифи маҷмӯаи ҳаҷвии «Витамини ханда» (1999), рисолаҳои мансури «Саргузашти Ҳазрати Муҳаммад (с)» (2009), «Кони зар ва дарёи пургуҳар» (2010), «Таълимгоҳи бузургон» (2010), «Фарзанди қарни бист» (2011), «Пири суханварон» (2012), «Рӯзгори омӯзгор» (2013) ва «Падидаҳои ҳунарӣ дар шеъри Гулназар» (2018) буда, таҳриру такмили зиёда аз 80 маҷмӯаи мухталиф ба қалами ӯ мансуб аст.
Равшани Ҳамроҳ соли 1989 ба нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2010 ба ҷоизаи шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Қутбӣ Киром мушарраф гардидааст. Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

муаллими калон
Тел: 901008884
Қаландарова Дунёзода Меҳтоҷовна 27- уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Гуҷовасти ноҳияи Ванҷи ВАБК, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1975 мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳраки «Рассвет»-и (собиқ совхози съезди ХУ КПСС ) ҳоло ноҳияи Хуросонро хатм намуда, пасон соли 1977 ба ДМТ (собиқ УДТ ба номи В. И. Ленин) дохил шуда, онро соли 1983 бомуваффақият ба итмом расонидааст. Соли 1984 то 2000 дар мактабҳои рақами 59 ва баъдтар дар мактаби миёнаи рақами 95 ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёт фаъолият намудааст. Соли 2000-ум дар литсеи ДДОТ Қандил Ҷӯраев (имрӯз ба номи С.Айнӣ) ба кор омада, айни замон дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогика дар вазифаи муаллими калон фаъолият менамояд.

доктори илмҳои филология, дотсент
907-91-36-77
Рустамова Гуландом Рустамовна 11 июни соли 1971 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1977 ба мактаби №4 ба номи Г. Титови шаҳри Қӯрғонтеппа ба синфи як меравад. Соли 1987 ба факултаи забон ва адабиёти рус-и ДДҚ ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Баъди хатми факултаи «Забон ва адабиёти рус»- и Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолияти меҳнатии худро дар шӯъбаи мактабии Иттифоқи Ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намудааст. Сипас фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун инструктори шӯъбаи ҳифзи ичтимоии иттифоқи касабаи вилояти Хатлон давом медиҳад.
Аз соли 2003 то соли 2006- ум ба ҳайси сарлаборанти факултаи таърих ва ҳуқуқ, омӯзгори кафедраи «Назарияи забоншиносӣ ва типологияи забонҳои хориҷӣ»-и Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи номи Носири Хусрав кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 2003 то соли 2007 бо кори илмӣ машғул шуда, аз рӯи ихтисоси 10.01. 20. Типологияи муқоисавӣ, қиёсӣ ва таърихии забоншиносӣ бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидмамадов Айдмамад Айдмамадович дар мавзӯи «Предложение с присловным объектным распространением в русском и таджикском языках» рисолаи номзадиро ба итмом расонид. 5 июли соли 2007 рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ мегардад.
Солҳои 2007 – 2009 дар вазифаи мудири кафедраи «Адабиёти рус ва ҷаҳон»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2009 дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба ҳайси котиби Шӯрои олимон ба кор қабул шудааст. Аз 01.06.2011с. дар вазифаи мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон фаъолият дорад. Мавсуф бо пешниходи Раёсати Институти энергетикии Точикистон ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон дар соли 2013 пешниход шудааст. Гуландом Рустамова муаллифи зиёда аз 85 мақола, 4 монография ва 14 дастури методӣ мебошад.
Гуландом Рустамова 25 майи соли 2017 таҳти роҳбарии аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад рисолаи докториашро дар Шӯрои диссертационии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намуд. Рустамова Г.Р. барои хизматҳояш дар соҳаи мактабу маориф бо нишони “Аълочии маорифи ҶТ” (2013) қадрдонӣ шудааст.

ассистент
Тел: 985900777
Аюбзода Миҷгона Ёқуб 1-уми январи соли 1997 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 2014 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аз соли 2014 ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда онро соли 2019 бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ ва забон ва адабиёт бомуваффақият ба итмом расонидааст. Соли 2017 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти умумии №85 ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то ҳол дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳамчун ассистент кор ва фаъолият намуда истодааст.

ассистент
Тел:929580298
Ниёзова Шаҳноза Ниёзбоқиевна 29-ноябри соли 1988 дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи №27 ба номи Мирзо Азизов дар ноҳияи Мастчоҳ (2006) шуъбаи рӯзноманигорӣ факултети филологияи тоҷик, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2012) буда, айни ҳол ассистенти кафедраи забон ва адабиёти факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатияш: мутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ, (2012) нозири парвандаҳои қарзӣ дар ФҶСК “Бонки Эсхата” дар н. Мастчоҳ (2013-2017), ходими адабии рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” дар н. Мастчоҳ (2018-2020)

