ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯ
Кафедраи педагогика ва психология моҳи июни соли 1992 бо номи кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ таъсис ёфт. Мақсади таъсиси ин кафедра аз он иборат буд, ки аз як тараф таълими фанҳои педагогика ва психология ба хусусиятҳои хоси факултети педагогика (ҳоло таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ) наздик карда шавад, аз тарафи дигар фанҳои педагогика ва психология бояд дар факултет мавқеи марказиро ишғол намоянд. Бо ҳамин мақсад, таълими ин фанҳо аз як тараф ба хусусиятҳои хоси факултет наздик карда шуд, аз тарафи дигар миқдори соатҳои таълимӣ доир ба фанҳои педагогика ва психология нисбат ба дигар факултетҳо таносубан ду баробар зиёд карда шуд. Илова бар ин, аз рӯи фанҳои педагогика ва психология ҳатман дар курси дуюми шуъбаи рӯзона ва курси сеюми шуъбаи ғоибона иҷрои кори курсӣ ба нақша гирифта шуд.
Зарурияти ташкили ин кафедра инчунин аз он ба вуҷуд омад, ки таълими фанҳои педагогика ва психология бо таълими фанҳои соҳаи ихтисос ҳамоҳанг сохта шаванд. Чунончи, таълими педагогикаи умумӣ ба педагогикаи томактабӣ ва методикаи таълими фанҳои педагогӣ, психологияи умумӣ бо психологияи бачагона ва психологияи синнусоливу педагогӣ, таълими таърихи фалсафаи маълумоти педагогӣ (ҳоло таърихи педагогикаи ҷаҳон) бо таълими таърихи педагогикаи олигофренӣ яъне таърихи педагогикаи кӯдакони фикран қафомонда (ноқусулақлон). Ё худ бачагони аз ҷиҳати инкишофи фикрӣ қафомонда ва ғайраҳо, ки ингуна равия дар дигар факултетҳои донишгоҳ тамоман ба назар намерасад.
Аз ин гуфтаҳо пай бурда мешавад, ки номгӯи кафедра зоҳиран одӣ, аммо таркибан ниҳоят мураккаб аст. Аз ин рӯ, аз устодони ин кафедра тайёрии махсус ва ниҳоят ҷиддиро талаб мекунад.
Ҳангоми таъсис додани кафедра ҳамаи ин ба назари эътибор гирифта шуда буд. Соли аввали таъсисёбӣ кафедра он 7 нафар аъзо дошт, ки миқдоран қариб тағйир наёфт. Аз 7 нафар аъзои кафедра 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, профессор, 3 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент; 1 нафар омӯзгори калон ва 2 нафар ассистентон буданд. Ба монанди Раҳимов Б., Нуров А., Раҳмонов С., Нуриддинов Ғ., Худоназаров Б., Ризоев А., Салуквадзе С.В.
Вале аз соли хониши 1994-1995 сар карда ҳайати кормандони кафедра бо сабабҳои гуногун тағйир ёфтан гирифт. Аз ҷумла бо сабаби аз ҷумҳури муҳоҷират кардани Салуквадзе С.В. ва бо сабаби набудани довталабон дар гурӯҳҳои таълим бо забони русӣ ва узбекӣ ин гурӯҳҳо баста шуданд. Дар натиҷа соатҳои таълимӣ кам шуд. Бинобар ин Бобоёров З., Шомуродов Ҳ. ва Токаева Н.М. аз кор рафтанд. Илова бар ин қисме аз устодон ба нафақа баромаду, дигаре фавтиданд. Инҳо дотсентон Нуриддинов Ғ. ва Раҳмонов С. буданд.
Баъдтар ба ҷои онҳо кормандони нав қабул гардиданд. Ба монанди Мирзоев А. (аз соли хониши 1997-1998) ва Сабоҳати Муродзода баъди хатми донишгоҳ бо дархости кафедра, дар назди кафедра монда шуд.
Ҳоло дар кафедра 12 нафар муаллимони тавсибӣ ва 1 нафар ҳамкорони дохилӣ фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илмҳои педагогӣ, профессор, 3 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 3 нафар муаллимони калон ва 5 нафар ассистентон мебошанд.
Ба монанди: Нуров А., Фозилов С., Мадатзода М., Сатторов С. Рабиева С., Мамадносирова М., Чобулова Н., Олимов Т., Мирзоназарова Б., Ҳусейнов Н., Давлатназарова Ф., Ибронова Ҷ., Джураева М.
Ба кафедра аз июни соли 1992 то ноябри соли 1998 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент (ҳоло профессор) Нуров А., роҳбарӣ карданд. Аз ноябри соли 1998 иҷрои вазифаи мудирии кафедра ба зимаи н.и.п.профессор Раҳимов Б. гузошта шуд, ки то соли 2012 роҳбарӣ намуданд. Аз моҳи марти соли 2013 то соли 2017 роҳбарии кафедра ба зиммаи профессор Нуров А. вогузор гардид. Аз августи соли 2017 роҳбарии кафедраро н.и.п. Фозилов С.М. ба уҳда дорад.
Саҳми омӯзгорони ин кафедра дар тартиб додани китобҳои дарсӣ барномаҳои таълимӣ барои донишкада ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва дастурҳои методӣ доир ба иҷрои корҳои контролӣ ва курсӣ калон аст.
Аз ҷумла, китоби дарсии «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик» (Раҳимов Б.), «Педагогика» (Раҳимов Х., Нуров А.), «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик» (Раҳимов Б., Нуров А.), «Методология ва методҳои таҳқиқотии илмӣ-педагогӣ» (Раҳимов Б., Нуров А.), «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (Раҳимов Б. ва Нуров А.), «Раҳнамои куратор» (Нуров А.), «Талаботи муосир ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон» (Нуров А.), «Идора ва назорати дохилимактабӣ» (Нуров А., Искандаров Ҳ.), «Мақоми менталитети миллӣ дар тарбия ва таълим» (Раҳимов Б., Нуров А.), «Педагогикаи коррексионӣ» (Раҳимов Б.) Барномаи таълимии «Педагогика» барои донишкадаи санъат (Раҳимов Б.), барномаи таълимии «Педагогика» барои донишкадаҳои олии педагогӣ (Нуров А.), барномаи таълимии «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик» (Раҳимов Б.), барномаи «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (Раҳимов Б., Нуров А.), барномаи таълими аз фанни «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Нуров А.), васоити таълимӣ доир ба фалсафаи таърихӣ маълумот «А.С. Макаренко дар бораи таълиму тарбия» (Раҳимов Б.) тавсияҳои методӣ доир ба навиштани кори контролӣ ва курсӣ (Раҳмонов С.Р. ва Сабоҳати Муродзода) ва ғайраҳо ба қалами устодони кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ тааллуқ доранд.
Ба ёрии муаллимони мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва устодони донишгоҳ як қатор тавсияҳои методӣ низ нашр карда шудаанд. Ба монанди «Барномаи тарбияи ҷавонон» (Рахимов Б., Нуров А.), «Кори мустақилонаи донишҷӯён дар донишкадаҳои олии педагогӣ» (Раҳимов Б.), «Нақши арзишҳои миллӣ дар тарбияи маънавии мактабиёни хурдсол» дастури методӣ барои роҳбарони синф (Нуров А.) ва ғайраҳо.
Устодони кафедра дар рафти ҳамкорӣ бо муаллимони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як идда дастуру тавсияҳои методӣ ба табъ расониданд. Ба ин гурӯҳ устодон Раҳимов Б., Нуров А. ва Раҳмонов С.Р. дохил мешаванд.
Кафедра ва устодони он бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (мактабҳои № 7, 9, 10, 53, 34, 70) ҳамкории доимӣ ва ногусастанӣ дорад.
Дар баробари ин қариб ҳамаи устодони кафедра ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғуланд. Самти асоси корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраро пешрафти методология ва назарияи илмҳои педагогӣ-психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд. Аз ҷумла, С. Муродзода «Нақши афсонаҳои халқӣ дар тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои ибтидоӣ», Рабиева С. «Проблемаи тарбияи ахлоқии мактабиёни хурдсол дар оилаҳои нопурра», Мамадносирова М. «Масъалаҳои тарбияи ахлоқии духтарони наврас дар педагогикаи халқи тоҷик», Чобулова Н. «Ташаккули арзишҳои ахлоқии наврасон дар асоси анъанаҳои халқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», Олимов Т. “Афкори педагогии мутафаккирони асримиёнагии халқи тоҷик доир ба нақши зан дар мустаҳкам намудани мавқеи оила” Ҳусейнов Н. “Ғояҳои тарбиявӣ дар назми суфиёна ва раҳёфти онҳо ба илми педагогикаи муосир” ва ғайраҳо.
Аз ассистентон то профессорони кафедра дар конференсияҳои анъанавии устодони донишгоҳ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.
Аъзоёни кафедра инчунин дар конференсияҳои байналхалқӣ дар Венгрия, Бишкек, Қӯрғонтеппа низ бо маърӯзаҳо баромад намудаанд. (Раҳимов Б., Нуров А.)
Ҳамаи аъзоёни кафедра дар тайёр намудани донишҷӯён ба конференсияҳои илмӣ ширкат меварзанд.
Дар зери роҳбарии профессор Раҳимов Б. 25 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ба гирифтани унвони илмии номзади илм ва 1 нафар рисолаи докторӣ навишта соҳиби унвони профессорӣ гаштааст. Дар зери роҳбарии профессор Нуров А. 16 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба гирифтани унвони илмии номзади илм сазовор шуданд. Аз инҳо се нафарашон дар донишгоҳ фаъолият дорад. Ҳоло 3 нафар ба навиштани рисолаи номзади машғул аст.

