• НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ
  • НАХУСТИН МАРКАЗИ ИЛМУ ТАЪЛИМИ ТАЪРИХ ДАР ҶУМҲУРӢ

таърихи факултет

Факултаи Педагогика яке аз нахустин факултаҳои донишгоҳ буда, соли 1932 таъсис ёфтааст. Он дар солҳои аввали таъсисёбиаш чор маротиба тағйири ном кард. Бори аввал августи соли 1932 шуъбаи мактабӣ-педагогӣ номида шуд, чунки дар он давра ба ҷои факулта шуъба номгузорӣ мешуд. Сипас, Академияи педагогӣ ва 6 июли соли 1934 бошад, шуъбаи педагогика ном гирифт ва баъдтар факултаи педагогика номида шуд. Аз соли 2016 Факултетаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ном гирифт ва имрӯз бошад бо номи Факултети педагогика арзи ҳастӣ дорад. Факултаи педагогика яке аз бахшҳои калонтарини донишгоҳ ба шумор рафта, дар давоми солҳои мавҷудияти хеш дорои қувваи бузурги эҷодӣ гардид. Дар айни замон он яке аз марказҳои таълимию методӣ, илмӣ ва боргоҳи тайёр намудани муаллимони синфҳои ибтидоӣ, инчунин як ҷузъи пешқадами сохтори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор меравад. Рушду нумӯи факултаи педагогика ба заҳмати собиқадорони меҳнат, ки қувваю дониш ва нерӯи илмию педагогии худро дар ин кор дареғ надоштаанд, вобаста аст. Ҳоло дар факултет чор кафедра:

1. Кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ;

2. Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик;

3. Кафедраи педагогика ва психология;

4. Кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеӣ;

аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр мекунад:

1. Таҳсилоти ибтидоӣ;

2. Таҳсилоти ибтидоӣ-забони русӣ

3. Таҳсилоти ибтидоӣ-забон ва адабиёти тоҷик;

4. Таҳсилоти ибтидоӣ-санъати мусиқӣ;

5. Таҳсилоти ибтидоӣ-забони англисӣ;